Чиптаи ҳавопаймо
Самт, сана ва шумораи мусофиронро нависед — оператори Симурғ Саёҳат (агентии аккредитатсияшудаи ТКП, код 01КГТ) ҷой ва нархро месанҷад ва чиптаи электрониро мефурӯшад. Ҷустуҷӯ ва хариди онлайни чипта пас аз пайвасти системаи бронкунӣ фаъол мешавад.
Чӣ тавр фармоиш медиҳед
- Самт, сана ва шумораи мусофиронро нависед.
- Оператор ҷой ва нархро месанҷад ва бо шумо тамос мегирад.
- Пас аз пардохт чипта дар шакли электронӣ бароварда мешавад ва ба почтаи шумо меояд.
Саволҳои маъмул
Чиптаро кай ва чӣ тавр мегирам?
Чипта пас аз ворид шудани пардохт дар шакли электронӣ бароварда мешавад. Маршрут-квитансия ба e-mail-и ҳангоми брон нишондодашуда фиристода мешавад ва дар «Фармоишҳои ман» дастрас аст.
Чиптаро баргардонидан мумкин аст?
Брони пардохтнашударо дар «Фармоишҳои ман» ройгон бекор кардан мумкин аст. Бозгашти чиптаи баровардашуда тибқи қоидаҳои тариф анҷом дода мешавад; маблағи бозгашт пеш аз тасдиқ нишон дода мешавад.
Чӣ тавр пардохт мекунам?
Бо кортҳои Корти Миллӣ, Visa ва Mastercard дар саҳифаи ҳимояшудаи дарвозаи пардохти Smartpay ё аз тавозуни кабинети шахсӣ (ҳамён). Маълумоти корт ба сайти агентӣ намерасад ва нигоҳ дошта намешавад.
Бо кӣ тамос гирам?
Телефон +992 945 900 404, почтаи simurgh.info.tj@gmail.com ё чати дастгирӣ дар кабинети шахсӣ. Шикоятҳо дар давоми 10 рӯзи корӣ баррасӣ мешаванд.